Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Чаудрӣ дубора ба хиёбонҳо мерезанд


Дар Покистон дар арафаи намоишҳои эътирозии оммавӣ даҳҳо фаъолони мухолифин боздошт шуданд. Дар ду вилоят – Синд ва Панҷоб баргузории ҳама гуна ҳамоишҳо мамнӯъ эълон шудааст. Мухолифин ва додрасҳо дар мавриди баргузории намоишҳои эътирозӣ дар саросари Покистон баъд аз он тасмим гирифтанд, ки раисиҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ аз дубора дар мақомаш таъин кардани раиси пешини Додгоҳи Олӣ Ифтихор Чаудрӣ сарпечӣ кард. Ифтихор Чаудрӣ ду сол пеш аз сӯи раиси ҷумҳури пешини Покистон Парвиз Мушарраф аз маснадаш барканор шуда буд ва ин тасмим эътирозҳои густарда ба думбол дошт.
XS
SM
MD
LG