Пайвандҳои дастрасӣ

Сенати ИМА бархе таҳримҳо алайҳи Кубаро лағв кард


Сенати ИМА дар бораи коҳиши таҳримҳо дар баробари Куба тасмим гирифт. Аз ин баъд амрикоиҳои зодаи Куба метавонанд соле як бор ба ин ҷазира сафар кунанд ва ба пайвандонашон дар Куба маблағи бештар интиқол диҳанд. Маҳдудиятҳо дар мавриди интиқоли дорувор ва маводи озуқа ба Куба ҳам аз байн бурда шуданд. Ин тасмимҳо моҳи гузашта аз сӯи Маҷлиси намояндагони Конгресс ҳам пазируфта шуда буданд.

Аз соли 2004 ба ин сӯ амрикоиҳои зодаи Куба фақат барои дар се сол як бор ва ҳамагӣ барои ду ҳафта ба Куба сафар кардан иҷоза доштанду халос.
XS
SM
MD
LG