Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори идомаи кумакҳо ба Дорфур шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, тасмими мақомоти Судон барои аз кишвар берун кардани кормандони созмонҳои байналмилалии хайрияро “ғайри қобили қабул” номид. Дар нахустин мулоқоташ бо Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, Обама ба зарурати баргардонидани кормандони созмонҳои хайрия ба вилояти Дорфур таъкид кард. Дар ин вилоят, ба иттилоъи СММ, тақрибан як миллион нафар интизори кумаки ин созмонҳоянд.

Мақомоти Судон дар бораи ихроҷи кормандони созмонҳои байналмилалии хайрия баъд аз он тасмим гирифтанд, ки Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ барои ҳабси раисиҷумҳур Умар Ал-Башир амр содир кард. Умар Ал-Башир дар наслкӯшии қабилаҳои сиёҳпӯст дар Дорфур айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG