Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ барои Роғун маблағ медиҳад


Бонки ҷаҳонӣ оид ба вазъи баҳрабардорӣ аз захоири обу энергетикаи Осиёи марказӣ изҳороте нашр карда, дар он доир ба нерӯгоҳи Роғун гуфтааст, ин созмон ба Тоҷикистон барои гузаронидани омӯзиш ҷиҳати арзёбии имконпазирии лоиҳа ва таъсири он ба минтақа маблағ пешниҳод мекунад. Вале дар ин баёнияи матбуотии Бонки ҷаҳонӣ доир ба ҳаҷми ин маблағ иттилоъе нест.

Дар ин изҳорот омадааст, омӯзишҳо арзёбии фаннӣ-иқтисодиро дар бар гирифта, бозрасии таъсири экологӣ ва арзёбии иҷтимоӣ аз ҷониби ширкати мушовирии дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда, ки дар моҳҳои наздик тибқи дастур оид ба хариди молу хидматрасониҳои Бонки ҷаҳонӣ ба кор ҷалб мешавад, гузаронида мешавад. Доираи фаъолиятҳои ин омӯзишҳо масъалаҳои ҳалталабро, ки аз ҷониби кишварҳои каронаи дарёҳо муайян шудаанд, ба назар мегирад. Бонки ҷаҳонӣ ҳайатеро таъсис медиҳад, ки дар бораи натиҷаҳои омӯзиш андешаҳои мустақилро пешниҳод мекунанд.

Дар баробари омӯзишҳои мазкур, ба хотири таъмини шаффофият ва шомил кардани нигарониҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор, Бонки ҷаҳонӣ ба наздикӣ машваратро бо кишварҳои назди соҳил (Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон) шурӯъ кард. Ин машваратҳо дар солҳои 2009-2010 идома меёбад, чун натиҷаҳои ин омӯзишҳо ва назари коршиносони мустақил омода мешаванд ва аз ҷониби кишварҳои назди соҳил таҷдиди назар мешаванд.
XS
SM
MD
LG