Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи олимпии Тоҷикистон ба Қирғизистон


Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Шариф Назаров ҷиҳати ширкат дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми «Ала-То» 11-уми март ба Қирғизистон сафар кард.

Даҳумин давраи ин мусобиқаи анъанавӣ аз 12-ум то 18-уми март дар шаҳри Канти Қирғизистон бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор хоҳад шуд.

Дар ин мусобиқа ба ғайр аз дастаи меҳмон - мунтахаби олимпии Тоҷикистон, тими миллии Қирғизистон, дастаҳои «Шер»-и Бишкек, «Дордой-Динамо»-и Норин ва бошгоҳҳои футболи шаҳри Кант ширкат меварзанд.

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Шариф Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳадафии аслии мо омодагӣ ба сабқати интихобии олимпӣ мебошад. Бинобар ин бо мақсади санҷиши футболбозони ҷавони тоҷик дар Ҷоми «Ала-То» ширкат меварзем. Ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 19 футболбоз дохиланд, ки солҳои 1991-1992 таваллуд шудаанд ва дар бошгоҳҳои мухталифи футболи кишвар бозӣ мекунанд. Дарвозабонҳои даста Фаррух Бердиев ва Миралӣ Муродов мебошанд. Дар хатти дифоъ Эраҷ Раҷабов, Шероз Абдуллоев, Адиб Муродмамадов, Аҳтам Назаров, Идибек Ҳабибуллоев ва Абдусамад Ҳоҷибоев, дар хатти нимҳимоя Самад Шоҳзуҳуров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Руслан Раҳматов, Қурбон Собиров, Расул Файзов, Фарҳод Тоҳиров ва Комрони Мирзомурод, дар хатти ҳамла Комил Саидов, Давронҷон Тухтасунов, Шодибек Ғаффоров ва Далер Раҷабов ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Ёварони ман, мураббиёни даста Ибодулло Қаюмов ва Ораз Назаров мебошанд».
XS
SM
MD
LG