Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири нави Русия дар Тоҷикистон


Русия сафири нави фавқулодда ва мухтори худро дар Тоҷикистон таъин кард.

Бино бар навиштаи сомонаи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия, ахиран Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия зери фармони таъиноти Юрий Федерович Попов ба мақоми сафири ин кишвар дар Тоҷикистон имзо гузоштааст.

Мӯҳлати сафорати сафири қаблии Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатифов моҳи ноябри соли 2008 анҷом ёфта буд.

Юрий Попов, сафири тозатаъини Русия дар Душанбе, дар қабл раҳбари ҷониби русии Комиссияи назоратӣ оид ба қазияи гурҷиҳову осетинҳо буд.
XS
SM
MD
LG