Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Теҳрон ифтитоҳ шуд, ки дар он бӯҳрони ҷаҳонии молӣ баррасӣ мешавад.

Ин созмонро соли 1985 Эрону Покистону Туркия таъсис доданд ва сипас дар соли 1992 ба он Тоҷикистону Озарбойҷон, Туркманистону Қирғизистон ва Афғонистону Ӯзбакистон пайвастанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар ин ҳамоиш ширкат меварзад. Қарор аст, раисҷумҳури Тоҷикистон дар нишаст суханронӣ бикунад ва ҳамчунин дар ҷараёни сафари кориаш бо мақомоти расмии Эрон дидору мулоқот анҷом диҳад.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон барои иҷрои тарҳҳои энергетикии худ ба сармоягузории хориҷӣ шадидан ниёз дорад. Ва дар ҳоле, ки ширкати Русия дар ин барномаҳо ва ба вижа сохтмони нерӯгоҳи Роғун норӯшан боқӣ мондааст, табиист, ки Эмомалӣ Раҳмон талош хоҳад кард, то дар доираи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ коршариконеро пайдо кунад.

Аммо, мегӯянд коршиносон, дар шароити феълӣ, ки бӯҳрони молии ҷаҳонӣ иқтисоди кишварҳоро бо душвориҳо рӯбарӯ кардааст, баъид ба назар мерасад, ки дар чаҳорчӯби ин созмон низ тарҳҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон маблағгузоронро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG