Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии сарнавишти Афғонистон дар Гаага


Ҳукумати Ҳолланд мегӯяд, конфронси якрӯзаи байналмилалӣ доир ба сарнавишти ояндаи Афғонистонро мизбонӣ мекунад, ки рӯзи 31 март дар шаҳри Гаага баргузор хоҳад шуд. Раёсати ин нишастро, ки бо пешниҳоди Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико баргузор мешавад, ғолибан Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милал ба ӯҳда хоҳад дошт. Дар ҳамоиш кишварҳои узви НАТО, Покистон ва ҳамчунин Эрон ва дигар кишварҳои кӯмакрасони Афғонистон ширкат меварзанд. Ҳилларӣ Клинтон ҳафтаи гузашта ба вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НАТО гуфт, ҳадафи ин конфронс таъйини усулҳои ягонаи расидагӣ ба мушкилоти Афғонистон хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG