Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев паёмҳои Обамаро ситоиш кард


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия паёмҳои ҳамтои амрикоии худ Барак Обамаро “паёмҳои комилан мусбат” хонда ва ситоиш кар. Дмитрий Медведев дар ин бора зимни мулоқот бо аъзои Кумиссиёни Амрико оид ба равобити ин кишвар бо Русия сухан гуфт. Вай ҳамчунин таъйид кард, ки рӯзи якуми март дар остонаи нишасти сарони қудратҳои пешрафтаи иқтисодии мавсум ба Гурӯҳи Ҷи – 20 бо Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико мулоқот хоҳад кард. Амрикову Русия дар замони раёсати ҷумҳури Ҷорҷ Буш борҳо дар мавриди масоили амниятӣ, тавсиаи НАТО, барномаи истиқрори сипари зиддимушакӣ дар Аврупо ва муноқишаи Русия бо Гурҷистон ҷанҷол кардаанд.
XS
SM
MD
LG