Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори Ҳамроҳхон Зарифӣ бо Шайх Абдуллоҳ


Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, зимни сафараш ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳамтои худ Шайх Абдуллоҳ Зайд Ал-Наҳён авзоъи минтақа ва роҳҳои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон гуфтугӯ кардааст. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки ҳамчунин Ҳамроҳхон Зарифӣ рӯзи 9 март номаи Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба унвони амири Имороти Муттаҳидаи Арабро ба Шайх Абдуллоҳ супурдааст. Доир ба мӯҳтавои нома чизе гуфта намешавад. Вазорати умури хориҷа мегӯяд, ду тараф ҳамчунин масоили коҳиши таъсироти манфии бӯҳрони иқтисодии ҷаҳониро баррасӣ кардаанд ва вазири Имороти Муттаҳидаи Араб гуфтааст,ба зудӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG