Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании ду дипломати рус дар ҳавопаймо


Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ҳавопаймои ширкати Ямания Ейрлайнз, ки аз Қоҳира ба шаҳри Санъо, пойтахти Яман парвоз мекард, ду дипломат аз Русия бо ҳам занозанӣ карданд. Низоъ миёни онҳо тақрибан ним соат баъд аз шурӯъи парвоз рух дод. Мусофирон ва сарнишиниҳо талош карданд, ки дипломатҳоро ором кунанд ва аммо онҳо ба ҳарфи касе гӯш надода, ба ҳамдигар дарафтоданд. Бар асари ин бархурд яке аз дипломатҳо маҷрӯҳ шуд. Ба иттилоъи сомонаи Saba. Net, сарнишинони ҳавопаймо тасмим гирифтанд, ки ба фурудгоҳи Қоҳира баргарданд. Тафтиши ин ҳодиса идома дорад. Сабаби занозании дипломатҳои рус маълум нест ва аммо ҳадс зада мешавад, ки ҳар дуи онҳо маст буданд.
Бадрафториву моҷароҷӯии шаҳрвандони рус дар хатсайрҳои байналмилалӣ ҳодисаи аввал нест ва аммо барои нахустин бор аст, ки дар ҳавопаймо ду дипломат аз Русия ҳамдигарро лату кӯб кардаанд.

XS
SM
MD
LG