Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ва Медведев дар Лондон мулоқот мекунанд


Нахустин мулоқоти Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия ва президенти ИМА Барак Обама рӯзи якуми апрел дар Лондон тарҳрезӣ шудааст. Дар ин бора Дмитрий Медведев имрӯз дар Маскав, дар мулоқот бо аъзои комиссиюни мустақили дуҳизбии Амрико оид ба омӯзиши сиёсати ИМА дар қиболи Русия хабар дод. Ба гуфтаи сарвари Русия, ӯ ва Барак Обама масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи қатли ом, мубориза бо терроризм ва бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодиро баррасӣ хоҳанд кард. Дмитрий Медведев дар мулоқот бо аъзои комиссиюни амрикоӣ дар робита ба муносиботи миёни ду кишвар гуфт: “Мутаассифона, тайи солҳои ахир муносибатҳои мо ба таври ҷиддӣ ба сардӣ гароидааст ва ин моро ғамгин месозад. Аз нигоҳи мо, ҳама имконот мавҷуданд, ки дар равобити миёни Русияву Амрико саҳифаи нав боз шавад. Он паёмҳое, ки имрӯз ба мо аз Иёлоти Муттаҳида мерасанд, манзурам, паёмҳое, ки ман аз раисиҷумҳур Обама мегирам, ба ақидаи ман, паёмҳои мусбиянд”.

XS
SM
MD
LG