Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден бо раҳбарони НАТО мулоқот кард


Ҷо Байден, нойиби раисиҷумҳури Амрико, имрӯз дар Брюссел бо намояндагони кишварҳои узви НАТО масоили марбут ба авзоъ дар Афғонистон ва Покистонро баррасӣ кард. Ҷо Байден изҳор намуд, ки Амрико ба хотири ҳалли мушкилоти ин минтақа бо ҳампаймонҳояш дар НАТО ҳамкории зич хоҳад дошт.

Вошингтон тасмим гирифтааст, ки ба хотири саркӯб кардани мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ва созмони “Ал-Қоида” ба Афғонистон боз 17 ҳазор афсару сарбоз фиристад. Мақомоти ИМА мехоҳанд, ки дигар кишварҳои узви Паймони Атлантикаи Шимол ҳам ба Афғонистон нерӯҳои иловагӣ интиқол диҳанд.
XS
SM
MD
LG