Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Дӯзахи рӯи замин” дар Чин


“Мо бояд ба фардо бингарем ва бо назардошти манофеъи ҳамдигар кор кунем. Мо, сокинони Тибет, хостори мухторияти қонунӣ ва воқеием, хостори созише ҳастем, ки ба сокинони Тибет имкон диҳад то дар қаламрави Ҷумҳурии мардумии Чин зиндагӣ кунанд”.
“Мо бояд ба фардо бингарем ва бо назардошти манофеъи ҳамдигар кор кунем. Мо, сокинони Тибет, хостори мухторияти қонунӣ ва воқеием, хостори созише ҳастем, ки ба сокинони Тибет имкон диҳад то дар қаламрави Ҷумҳурии мардумии Чин зиндагӣ кунанд”.

Далай-лама вазъи зиндагии мардум дар Тибетро “дӯзахи рӯи замин” номид ва ҳамзамон гуфт, ки берун рафтан аз ҳайати Чин мушкилоти тибетиҳоро ҳал нахоҳад кард

Аслан Далай-лама бештар талош мекунад, ки аз роҳи созиш бо Пекин ба мухторияти қонунӣ ва воқеъии Тибет даст ёбад. Ва аммо суханронии ахири ӯ бахшида ба 50-умин солгард аз ошӯби ноком алайҳи ҳукумати Чин дар Тибет сартопо омехтаи дарду ҳасрат ва интиқоди шадиди мақомоти Чин буд. Далай-лама дар ҳамоиши ҳазорҳо тибетиҳо дар қароргоҳи худ дар шимоли Ҳиндустон изҳор намуд, ки тайи панҷ даҳсолаи гузашта бисёр вақт Тибет ба “дузахи рӯи замин” табдил мешуд. Ӯ афзуд, таъқибу фишор ва маъракаҳои густардаи сиёсӣ, аз қабили “инқилоби мадани”-и Мао Цзе Дун, сокинони Тибетро ба азобу машаққати ҷонсӯз мувоҷеҳ карданд.

Ба гуфтаи Далай-лама, бо вуҷуди куштори садҳо ҳазор тибетиҳо ва дар вартаи нобудӣ қарор гирифтани фарҳанги бостонии онҳо, рӯҳи мардум бешикаст боқӣ монд: “Ман фикр мекунам, ки коммунистҳо аз раҳу васоили гуногун – поксозии афкор, пахши ахбори тақаллубӣ, ҳамчунин аз бераҳмӣ, ҳабс ва шиканҷа кор мегиранд. Ва аммо ба шикастани рӯҳи тибетиҳо ҳеҷ гаҳ муваффақ нахоҳанд шуд”.

Ва аммо дар баробари ин ҳама интиқоду маҳкумсозиҳо Далай-лама боз ҳам изҳор намуд, ки барои ҳамкорӣ бо Пекин омода аст. Ба гуфтаи ӯ, “мо бояд ба фардо бингарем ва бо назардошти манофеъи ҳамдигар кор кунем. Мо, сокинони Тибет, хостори мухторияти қонунӣ ва воқеием, хостори созише ҳастем, ки ба сокинони Тибет имкон диҳад то дар қаламрави Ҷумҳурии мардумии Чин зиндагӣ кунанд”.

Ним аср пеш намоиши осоиштаи роҳибони буддоӣ дар шаҳри Лҳаса, маркази Тибет, аз сӯи мақомоти амниятии Чин бераҳмона саркӯб шуда буд. Рӯзҳои баъдӣ нооромиҳо вилоятҳои ҳамсояи Тибетро ҳам фаро гирифтанд. Ҳазорҳо буддоиҳои Тибет ва аз ҷумла, Далай-лама, маҷбур шуданд, ки ин минтақаро тарк бигӯянд. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин тазоҳурот дар Тибет дар даҳсолаҳои ахир буд.

Имсол мақомоти амниятии Чин ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори ошубҳо назорат дар Тибет ва вилоятҳои ҳамсояи он – Сичуан, Ганзӣ ва Қинғайро шадид карданд. Хабаргузориҳо дар бораи корвони мошинҳои зиреҳпӯш дар роҳҳо ва пайдо шудани гузаргоҳҳои нав иттилоъ медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, вазорати умури хориҷаи Чин гуфтаҳои имрӯзаи Далай-ламаро чун “дурӯғи маҳз” арзёбӣ кард. Намояндаи вазорат Ма Жоуксу гуфт, ки ба ҳамлаи Далай-лама посух доданӣ нест ва аммо ислоҳоти ахир дар Тибет – бузургтарин ислоҳот дар таърихи ин минтақа маҳсуб мешаванд.

Гуфта мешавад, имсол дигар ҷашну солгардҳо низ ҳастанд, ки барои раҳбарони Чин дарди сар эҷод хоҳанд кард. Аз ҷумла, моҳи июн аз саркӯбшавии намоиши нерӯҳои демократӣ дар майдони Тянанмэн 20 сол сипарӣ мешавад. Аз ин пештар, моҳи апрел, аз парокандасозии тазоҳуроти бузурги ҷонибдорони фирқаи мазҳабии Фалун Гонг даҳ сол мегузарад, ки ба думболи он ҳазорҳо нафар боздошт ва ин фирқа мамнӯъ эълон шуд. Ва, ба навиштаи “Ню Йорк Таймс”, рӯзи 4 май - 90-мин солгарди намоиши бузурги донишҷӯёни чиноӣ алайҳи импературист – ин сана баёнгари он хоҳад буд, ки мардум дар ҳар давру замон метавонанд алайҳи ҳокимон ошӯб кунанд. Ва ниҳоят, рӯзи якуми октябр 60-солагии таъсиси Ҷумҳурии мардумии Чин таҷлил хоҳад шуд ва табиист, ки мақомот ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳама гуна талошҳои халалдор сохтани ҷашн аз чораҳои шадид кор мегиранд.
XS
SM
MD
LG