Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай ва Зардорӣ ба Теҳрон мераванд


Сарони Афғонистон ва Покистон Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Теҳрон ширкат хоҳанд кард. Интизор меравад, дар ин саммит, ки фардо дар пойтахти Эрон ифтитоҳ хоҳад шуд, кишварҳои узв чанд тарҳ, аз ҷумла, тарҳи бунёди лулаи газ аз Эрон ба Ҳиндустон тавассути Покистонро баррасӣ кунанд. Дар арафаи нишаст Ҳомиди Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ аз Эрон даъват карданд, ки ба талошҳои байнулмилалӣ барои таъмини эътидол дар Афғонистон ҳамроҳ шавад. Ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ Афғонистон, Туркия, Эрон, Покистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон шомиланд.

XS
SM
MD
LG