Пайвандҳои дастрасӣ

Истифода аз телефонҳои дастӣ мамнӯъ эълон шуд


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тасвиби як қонун истифода аз телефонҳои дастӣ дар мактабу донишгоҳҳои кишварро мамнӯъ эълон кард. Ин нукта бо пешниҳоди раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба “Қонун дар бораи маориф” ворид шуд. Додихудо Саймиддинов, раиси кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони парлумон ташреҳ кард, ки аз ин ба баъд толибилмони мактаб иҷозаи бо телефони дастӣ ба мактаб рафтанро нахоҳанд дошт ва ба донишҷӯёни макотиби олӣ ва устодони онҳо истифода аз ин телефонҳо ҳангоми дарс мамнӯъ хоҳад буд. Бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагон аз ин тасмим интиқод карданд ва бархе пешниҳод карданд, ки дар ҳама макотиб телефонҳои ҷамъиятӣ гузошта шаванд.

Аз ин пеш вазорати маорифи Тоҷикистон истифода аз телефонҳои дастӣ ҳангоми дарсро манъ карда буд ва аммо ин амрро дар бисёр мактабҳо нодида мегирифтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG