Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои шоҳмоти Душанбе


Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Саркотиби ин мусобиқа Зебо Улуғхоҷаева ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати мардон 14 шатранҷбоз ширкат карданд, ки байни онҳо, инчунин, ду нафар бонувон буданд. Шатранҷбози моҳир Файзалӣ Нуралиев бо 11,5 имтиёз аз 13 бозӣ ҷои аввалро касб кард. Абдуқаҳҳор Тешаев бо 10 имтиёз дар ҷои дуввум ва Марворид Насриддинова бо 8,5 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Дар сабқати занон, ки бо ширкати 12 нафар баргузор шуд, Меҳрангез Раҳматова ва Асила Мӯҳтоҷзода 10,5-имтиёзӣ ба даст оварданд. Барои муайян кардани ғолиб ҳарду бозии босуръат анҷом доданд. Дар натиҷа Меҳрангез ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Асила ҷои дуввумро касб кард. Мутрибаи Илҳом бо 9 имтиёз севум шуд.

Ба гуфтаи Зебо Улуғхоҷаева се нафар беҳтарин шатранҷбозони Душанбе байни мардон дар мусобиқаи лигаи аввали шоҳмоти Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Се нафар беҳтарин шатранҷбозони пойтахти кишвар байни занон бошанд, ба мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон, ки баргузории он моҳи май дар назар аст, роҳхат гирифтанд.
XS
SM
MD
LG