Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай-лама хостори мухторияти воқеъии Тибет шуд


Раҳбари рӯҳонии Тибет Далай-лама, ки дар муҳоҷират ба сар мебарад, бори дигар аз мақомоти Чин даъват кард, то мухторияти қонунӣ ва воқеъии Тибетро таъмин кунанд. Ба гуфтаи ӯ, Пекин дар Тибет фазои тарсу ваҳмро бунёд кардааст ва сиёсати Чин боиси аз байн рафтани фарҳанги маҳаллӣ мегардад. .Далай-лама афзуд, “ман фикр мекунам, ки комунистҳо аз раҳу васоили гуногунпоксозии афкор, пахши ахбори тақаллубӣ, пуштибонӣ, балки ҳамчунин аз бераҳмӣ, ҳабс ва шиканҷа кор мегиранд. Ва аммо ба шикастани рӯҳи тибетиҳо ҳеҷ гаҳ муваффақ нахоҳанд шуд”. Ҳамзамон раҳбари рӯҳонии Тибет гуфт, ки талоши аз ҳайати Чин берун кардани ин минтақаро надорад.

Суханронии Далай-лама ба 50-умин солгарди ошӯб алайҳи ҳукумати Чин бахшида шуд, ки баъд аз саркӯбшавии он ҳазорҳо нафар, аз ҷумла, худи ӯ маҷбур шуданд то Тибетро тарк кунанд. Муҳоҷирони тибетӣ дар кишварҳои гуногун аз бегаҳи дирӯз ба намоишҳо дар робита ба ин сана шурӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG