Пайвандҳои дастрасӣ

Обама маҳдудияти омӯзиши ҳуҷайраи инсонро бардошт


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар мавриди аз ҳисоби давлат сармоягузорӣ кардани пажӯҳишҳои ҳуҷайраҳои инсон дастур дод.

Ин тасмими Барак Обама табибону олимонро ҳаяҷонзада кард, ки бовар доранд, аз роҳи пажӯҳиши ҳуҷайраҳо метавон дармони бемориҳои кушанда ва маъюбкунандаи инсонро пайдо кард.

Барак Обама амри худро дар ҳузури гурӯҳе аз олимони саршинос, пажӯҳишгарон, табибон ва амрикоиёни оддие эълон кард, ки беморие онҳоро аз ягон азизашон ҷудо кардааст. Ҳуҷайраҳои ҷанинӣ ҳуҷайраҳоеанд, ки ба ҳар навъи ҳуҷайра дар бадани инсон табдил мешаванд ва дар ниҳоят бофтаҳои инсон ва дигар аъзои бадандро меофаранд. Олимон бовар доранд, ки бо таҳқиқи чунин ҳуҷайраҳо метавонанд дар бадани афроде, ки бофтаҳояшон бемор аст, бофтаи солим офарида ва ҳамин гуна ӯро аз дасти бемории хатарноке ба мисли бемории қанд, паркинсон, ва алзҳеймер раҳо кунанд. Олимон бовар доранд, рӯзе мерасад ва аз роҳи пажӯҳиши ҳуҷайраҳо роҳи дармони афродеро пайдо мекунанд, ки бар асари осеб дидани мӯҳраашон қобилияти ҳаракатро аз даст додаанд.

Барак Обама гуфт, орзу дошт, то ҳунарманди маъруфи амрикоӣ Кристофер Риив, иҷрокунандаи нақши “Супермен” ва ё “Абармард”, зинда мебуд ва рӯзи лағви дастури мамнӯъ будани сармоягузории пажӯҳиши ҳуҷайраҳоро медид, ки Ҷорҷ Буш ҳашт сол пеш қабул карда буд. Кристофер Риив, ки бар асари афтодан аз болои асп сутунмӯҳрааш осеб дид ва ӯро бемори бистарӣ кард, аз тарафдорони ашаддии пажӯҳиши ҳуҷайраҳо буд. Ӯ соли 2004 даргузашт.

Дар давраи Ҷорҷ Буш пажӯҳиши ҳуҷайраҳоро дар Амрико барои он мамнӯъ карданд, ки ба назари онҳо, таҳқиқи ҳуҷайраҳои ҷанини инсон аз назари ахлоқӣ кори дурусте нест, зеро олимон дар марҳилаи аввал ҷанини инсонро офарида, аз ӯ ҳуҷайраҳоро мегиранд ва сипас он ҷанини чандрӯзаро дигарбора аз байн мебаранд. Чунин ҷанинҳоро дар бемористонҳое меофариданд, ки занонро аз роҳи сунъӣ ҳомиладор мекунанд, вале ин кор мамнӯъ буд, ки пеш аз гирифтани ҳуҷайраҳои зарурӣ бояд ҷанинҳоро маҳв мекарданд.

Барак Обама ин гуна мавзеъгириро танқид карда, онро “интихоби дурӯғе аз миёни илми устувор ва арзишҳои ахлоқӣ” хонд ва гуфт, иқдом кардан ба хотири коҳиши азияти инсон як вазифа аст. Раисиҷумҳури Амрико гуфт, пеш аз беэътибор кардани амри мамнӯъ будани пажӯҳиши ҳуҷайраҳо гуфтугӯву баҳсҳои зиёд карда ва андешаҳои мухолифро ҳам шунидааст.

Яке аз ин хатарҳо, аз ҷумла нусхасозӣ ва клони инсон аст, ки онро Барак Обама “хатарнок ва комилан нодуруст” хонд ва ваъда дод, ки ҳеҷ гоҳ иҷозаи чунин корро нахоҳад дод. Вай гуфт, ҳукумат меъёрҳои маҳкаме таъин хоҳад кард, то дар озмоишгоҳҳои пажӯҳиши ҳуҷайраҳо зиёдравӣ ва ё сӯистифода нашавад. Тайи ҳашт соли гузашта пажӯҳишгарони амрикоӣ, ки мехостанд ҳуҷайраҳои инсонро таҳқиқ кунанд, ҳақ доштанд танҳо аз манобеъи хусусӣ пул бигиранд, ё пажӯҳишҳояшонро дар хориҷ аз қаламрави Амрико анҷом медоданд.

Бар асоси дастури Барак Обама, акнун олимон метавонанд аз пули давлат, яъне аз ҳисоби молиётдиҳандаҳои амрикоӣ, ба пажӯҳиши ҳуҷайраҳо машғул шаванд, аммо ҳақ надоранд ҷанини нав биёфаранд. Барак Обама ин тарафи масъаларо ба ихтиёри конгресси Амрико вогузоштааст, то вакилони мардум худашон тасмим бигиранд.


XS
SM
MD
LG