Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико ба Пекин дар робита ба таҳдидҳои киштиҳои чиноӣ ҳушдор додааст, то ки қоидаҳои байнулмилалии дарёнавардиро риоя кунад.

Ин изҳороти Вошингтон баъди он садо дод, ки вазорати дифои Амрико гуфт, панҷ киштии чиноӣ аз ҷумла як киштии низомии ин кишвар дар обҳои байнулмилалӣ ба киштии нерӯҳои дарёии ИМА таҳдид кардаанд.

Дар баёнияи вазорати дифои Амрико омадааст, ки рӯзи якшанбе, 8-уми март, киштиҳои чиноӣ ба киштии низомии ИМА “Импекабл” ба масофаи хеле наздик, тақрибан 7 ним метр, наздик шуда, ҳаракатҳои ҳуҷумкунӣ анҷом додаанд. Гуфта мешавад, ки ин киштии иктишофии номусаллаҳ бо маллоҳони ғайринизомиаш дар 120-километрии ҷазираи Ҳайнани Чин амалиёти рӯзмарраи назоратӣ анҷом медод.

Сухангӯи Кохи сафед Роберт Гибс дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки киштиҳои амрикоӣ дар ин обҳои байнулмилалӣ ба таври маъмулӣ ва муназзам чунин гардишҳои назоратиро анҷом медиҳанд. Вай афзуд, ки киштиҳои кишвараш ба назорати минтақаи мазкур идома хоҳанд дод ва изҳори умедворӣ кард, ки Чин қоидаҳои байнулмилалии дарёнавардиро риоят хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико Роберт Вудс, сафорати ИМА дар Пекин рӯзи якшанбе ба мақомоти Пекин эътироз баён кард ва дирӯз вазорат ин эътирозро ба атташеи низомии Чин дар Вошингтон такрор кард. Дар баёнияи сухангӯи Пентагон майор Стюарт Аптон гуфта мешавад, ки тамринҳои ғайриҳирфаии киштиҳои чиноӣ қонунҳои байнулмилалиро поймол кардаанд, ки тибқи он дар обҳои байнулмилалӣ киштиҳо бояд ба қоидаҳои бехатарӣ риоя намуда, кӯшиш кунанд, киштиҳои дигар кишварҳоро зери хатар нагузоранд.

Дар баёния изҳори умедворӣ шудааст, ки киштиҳои чиноӣ дар оянда аз амалҳои таҳрикдиҳанда худдорӣ хоҳанд кард, чунки ин метавонад боиси нофаҳмӣ ва ё тасодумҳои дарёӣ шавад.

Киштии “Импекабл”-и амрикоӣ яке аз шаш киштии ҳамсони назоратии нерӯҳои дарёии Амрико буда, маълумоти иктишофии зериобӣ ҷамъоварӣ мекунад.

Ба иттилои Пентагон, киштиҳои чиноӣ киштии амрикоиро иҳота намуда, аз он талаб кардаанд, ки минтақаро тарк гӯяд. Дар посух “Импекбл” ба сӯи яке аз киштиҳо бо лулаи оташфишонӣ об партоб кард ва дертар ба ҷониби чиноӣ хабар дод, ки минтақаро тарк мекунад ва масири озодро талаб кард. Ду киштии чиноӣ пеши масири киштии амрикоиро гирифта, дар самти ҳаракаташ порчаҳои чубро партофтанд.

Пентагон мегӯяд, ин нахустин моҷарои “Импекабл” ва дигар киштиҳои назоратии Амрико бо маллоҳони чиноӣ набуда ва 4-уми март дастикам 5 ҳодисаи ҳамсон, аз ҷумла парвозҳои ҳавопаймоҳои чиноӣ атрофи ин киштиҳо, рух додааст.
XS
SM
MD
LG