Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама пажӯҳишгаронро хушҳол кард


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи душанбе қарор дар мавриди мамнӯъ будани пажӯҳиши ҳуҷайраҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатиро лағв кард. Имзои чунин қарор як тағйири ҷиддие дар сиёсати дохилии Амрико маҳсуб мешавад, ки ҳашт сол боз аз маблағгузории давлатии пажӯҳишҳои ҳуҷайраҳои ҷанини инсон худдорӣ мекард. Бар асоси дастури Барак Обама, Муассисаи миллии пажӯҳишгоҳҳои тиббии Амрико бояд дар зарфи чаҳор моҳ, меъёрҳои нави пешбурди пажӯҳиши ҳуҷайраҳои инсонро таҳия кунад. Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ҳашт сол пеш амр дод, то чунин пажӯҳишҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ нашавад.
XS
SM
MD
LG