Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазири дифоъи Олмон ба Қундуз меравад


Франз Йозеф Йанг – вазири дифоъи Олмон имрӯз озими шимоли Афғонистон хоҳад шуд. Қарор аст, ӯ авзоъи амниятӣ дар вилояти Қундузро арзёбӣ намуда ва ҷараёни тамрини пулиси Афғонистонро назорат кунад ва аз ҷараёни корҳои бозсозӣ дар Қундуз ошно шавад. Олмон дар Афғонистон, 3800 сарбоз дорад, ки тобеъи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба раҳбарии НАТО мебошанд. Амрико ва Бритониё аз Олмон хостаанд, то нерӯҳои бештаре ба Афғонистон бифристад. Рӯзи душанбе Йозеф Йанг дар шаҳри Тирмизи Ӯзбакистон буд, ки дар он пойгоҳи ҳавоии нерӯҳои Олмон ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG