Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти Чин аз иқдоми маллоҳонаш


Ҳукумати Чин аз амалкарди маллоҳони киштиҳои ин кишвар ба зидди як нови амрикоӣ дар қаламравҳои обии байналмилалӣ ҳимоят кард. Сафорати Чин дар Вашингтон гуфт, киштии нақшабардори Амрико, дар қаламравҳои обии ҷануби ҷазираи Ҳайнани Чин “корҳои иктишофии ғайриқонунӣ анҷом медод”. Пештар аз баёнияи сафорати Чин, ҳукумати Амрико рафтори киштиҳои чиниро "азияти" маллоҳони амрикоӣ номид. Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида гуфт, киштӣ ва қаиқҳои чинӣ рӯзи якшанбе киштии Амрикоро муҳосира карда ва то ба масофаи ҳафт метр ба он надик шудаанд. Ҳукумати Амрико гуфтааст, ки новобаста аз моҷаро фаъолиятҳои сафинаҳояш дар Баҳри Ҷанубии Чин идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG