Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти муҳоҷирони тоҷик баррасӣ мешавад


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки имрӯз намояндагони Хадамоти Федеролии Муҳоҷирати Русия ба Душанбе сафар мекунанд, то масъалаи иҷрои созишномаҳои байнидавлатӣ дар мавриди муҳоҷиратро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ кунанд. Бино ба иттилоъи хабаргузории давлатии “Ховар”, интизор меравад, масъалаи ба маҷрои қонунӣ дароварани муҳоҷирати кории тоҷикон ба Русия ва таъмини муҳоҷирони корӣ бо ҷойи кор дар манотиқи он кишвар баррасӣ шавад. Бино ба омори ғайрирасмӣ, Русия мизбони бештар аз як миллион нафар муҳоҷирони кории тоҷик аст. Аммо бар асари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва таъсири он ба Русия, бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик ба ватан афзудааст.
XS
SM
MD
LG