Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Насиҳати давлати Литва ба Амрико


Давлати Литва ба ҳукумати Амрико гуфтааст, то рафтораш бо Русия қотеъ бимонад. Вюгаудас Усакас вазири умури хориҷаи Литва гуфт, ҳангоми гуфтӯгу бо ҳамтои амрикоиаш Ҳилларӣ Клинтон чунин ибрози назар кардааст. Ин баёнияи вазири литвонӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки як ҳафта пеш Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ равобити оддӣ бо Русияро аз сар гирифт. НАТО ба думболи ҷанги Русия бо Гурҷистон дар моҳи август, ҳамкориҳояш дар сатҳи олӣ бо Русияро муттавақиф карда буд. Бино ба гузоришҳо, Амрико ҳоло масъалаи истиқрори сипари дифоъи ҳавоӣ дар Аврупоро бознигарӣ мекунад, ки Русия мухолифи иҷрои он барнома аст. Вюгаудас Усакас -вазири умури хориҷаи Литва гуфтааст, даст кашидани Амрико аз он барномааш, “паёми манфие” хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG