Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шведсия аз барномаҳои имдодии СММ хориҷ мешавад


Шведсия таҳдид кардааст, ки аз ширкат дар чанд барномаи имдодии Созмони Милали Муттаҳид, бо сабаби, ба гуфати он бесамарии онҳо хориҷ мешавад. Ҳукумати Шведсия гуфтааст, ширкаташро дар ин барномаҳо то замоне бомедорад, ки гуфта шавад, маблағҳо ба куҷо ва чигуна сарф шудаанд. Ин изҳорот дар ҳоле нашр шуд, ки натиҷаҳои як пажӯҳиш дар барномаҳои имдодӣ ноқаноатбахш номида шудаанд. Шведсия дар соли 2008 ба созмонҳои сермиллати имдодӣ 1 миллиарду 600 миллион доллар кӯмак додааст ва мегӯяд, истифодаи ин сармоя аз тарафи барномаҳои СММ дар бобати озуқа ва кишоварзӣ, мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва ҳифзи муҳити зист ғайриқаноатбахш будааст.
XS
SM
MD
LG