Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти раҳбари мухолифони қирғиз бо иттиҳоми куштор


Яке аз раҳбарони мухолифони давлати Қирғизистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштор боздошт шудааст. Сухангӯйи Вазорати умури дохилии Қирғизистон, Бакит Саидов ба радиои Озодӣ гуфт, ошкор гаштааст, силоҳе, ки ба Оқилбек Ҷекшенқулов тааллуқ дорад, дар қатли соҳибкори турк истифода шудааст. Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилии Қирғизистон, тибқи натиҷаҳои таҳқиқи ҷиноӣ шаҳрванди Туркия, Сарват Четин охири соли 2007 дар шаҳри Талас аз туфангчаи мукофотии Ҷекшенқулов, собиқ вазири умури хориҷии Қирғизистон, ба қатл расидааст. Ҳоло Ҷекшенқулов раҳбари ҷумбиши "Барои адолат" аст, ки дар мухолифат ба давлат қарор дорад. Раҳбари ҳаракати дигари мухолифон, Нозири ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон, Турсунбек Акун гуфт, ҳабси Ҷекшенқулов, ки аз мунаққидони саршиноси президент Қурманбек Боқиев мебошад, ангезаи сиёсӣ дорад ва ба талошҳои дигари ҳукумат дар сокит кардани мухолифон аст.
XS
SM
MD
LG