Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 10 нафар дар суқути ҳавопаймо дар Уганда


Сафорати Русия дар Кампала гуфт, ду шаҳрванди Русия ва ду халабони украинӣ дар суқути як ҳавопаймои боркаш имрӯз дар Уганда кушта шудаанд. Мақомоти Уганда мегӯянд, ҷамъан дар ин ҳодиса 10 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳавопаймои Илюшини замони шӯравӣ лаҳзаҳое баъд аз бархостанаш аз замин оташ гирифта, дар кӯли Виктория фурӯ афтод. Ин ҳавопаймо барои нерӯҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Африқо дар Сомалӣ таҷҳизот мебруд. Сабабҳои фалокат таҳқиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG