Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости сармояи бештар барои интихоботи соли 2010


Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон аз ҳукумат дархост кардааст, ки барои интихоботи порлумонии соли 2010 маблағи бештар ҷудо кунад. Ҳукумати Тоҷикистон барои баргузории ин интихобот 3 миллион сомонӣ ҷудо кардааст. Аммо Муҳибулло Додоҷонов, масъули дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, мегӯяд, ин маблағ кам аст. Вай афзуд, дар интихоботи гузаштаи соли 2005 барои ҳар яке аз қитъаҳои райдиҳӣ 200 сомонӣ ҷудо шуда буд, вале ҳоло онҳо мехоҳанд, ки ин маблағ то 400 сомонӣ боло бурда шавад. Зеро афроди масъуле, ки дар тӯли ду-се моҳи марҳалаи омодагӣ барои баргузории ин интихобот ҷалб мешаванд, танҳо аз ҳисоби ин маблағ музд мегиранд.
XS
SM
MD
LG