Пайвандҳои дастрасӣ

Кореяи Шимолӣ нерӯҳои мусаллаҳи худро ба ҳолати омодагии мукаммали ҷангӣ даровардааст.

Ин дар ҳолест, ки воҳидҳои низомии Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ дар нимҷазираи Корея ба машқҳои низомии солона шурӯъ кардаанд. Дар ин машқҳо тақрибан 50 000 нерӯҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Амрико ширкат доранд. Кореяи Шимолӣ ҳар сол ин машқҳоро ба истилоҳи худаш "таҳрикот" арзёбӣ мекунад.

Соли ҷорӣ нигарониҳои маҳофили байнулмиллалӣ аз Кореяи Шимолӣ бештар аст, зеро ин кишвар мехоҳад ба фазо кайҳон мушак партоб кунад ва ин мушак моҳвораи ин кишварро ба мадори замин интиқол медиҳад.

Машқҳои низомӣ дар давоми ду ҳафтаи оянда дар ҳоле анҷом мегирад, ки дар ин нимҷазира имкони хатари воқеӣ ба сулҳу субот вуҷуд дорад. Аммо суханоне, ки аз Кореяи Шимолӣ дар ин бора садо медиҳад, комилан фарқ дорад ва онҳо ин машқҳоро маҳкум мекунанд. Ин гуна ҳушдорҳо падидаи нав нест. Кореяи Шимолӣ дар бораи ин машқҳо аз як сол ба ин сӯ дар ин бора ҳушдор медиҳад. Вале имсол масоиле ҳаст, ки ба истилоҳ, "дегро ба ҷӯш овардаанд". Ин ҳушдор ба маҳофили байнулмиллалист, ки партоби мушаки моҳворабарро пинҳон намедорад.

Сухангӯи артиши Кореяи Шимолӣ тавассути телевизиёни ин кишвар ҳадафҳои кишварашро дар бораи партоби мушаки моҳворабар пинҳон намедорад. Вай мегӯяд, "задани моҳвораи мо, ки ҳадафҳои сулҳомезро дунбол мекунад, албатта маънои ҷангро дорад".

Аммо нигаронӣ ин аст, ки Амрико ва Ҷопон ба партоби ин моҳвора бовар надоранд. Онҳо шак доранд, ки ин навъе озмоиши мушаки дурпарвози болдори «Таеподонг 2»-и Кореяи Шимолист, ки озмоиши онро СММ барои Кореяи Шимолӣ мамнуъ эълон кардааст. Вошингтон ва Токио озмоиши ин мушакро марговар арзёбӣ мекунанд, зеро то ҳол ин режими комунистӣ инфиҷори ҳастаӣ низ озмоиш кардааст ва ҳоло мехоҳад василаи интиқолро низ мавриди озмоиш қарор диҳад.

Бино ба хабарҳои матбуъотӣ, ҳафтаи гузашта ҳам Амрико ва ҳам Ҷопон гуфтаанд, ки агар Кореяи Шимолӣ ин барномаи кайҳонии худро иҷро кунад, онҳо метавонанд мушаки ин кишварро баъд аз партоб бизананд, бидуни дарназардошти ин ки ин мушак моҳвора ҳамл мекунанд ё хайр. Режими Пхенян рӯзи партоби ин мушакро эълон накардааст, вале ишора кардааст, ки дар давоми ҳамин 12 рӯзи машқҳои муштараки Амрико ва Кореяи Ҷанубӣ ин кор анҷом хоҳад гирифт. Чунин рафтор ягона мавридест, ки садҳо ҳазор сарбозони Кореяи Шимолӣ ба ҳолати омодагии мукаммали муҳорибавӣ даромадаанд ва онҳоро аз сарбозони Кореяи Ҷанубӣ танҳо як минтақаи борики ғайринизомишуда ҷудо мекунад.

Такео Кавамура, сармуншии ҳукумати Ҷопон дар Токио, аз Пхенян дархост кард, ки вазъи комилан хатарнокро оромтар кунад. Кавамура гуфт, неруҳои Ҷопон ба ҳолати омодагии муккаммали муҳорибавӣ дароварда нашудаанд, вале худро омода мекунанд.
XS
SM
MD
LG