Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cафари раисиҷумҳури Покистон ба Эрон


Раисиҷумҳури Покистон, Асифалӣ Зардорӣ, рӯзи сешанбе барои як сафари дурӯза озими Эрон мешавад. Қарор аст вай дар Терҳон бо сарони Эрон ва Афғонистон масъалаҳои таҳкими ҳамкориро баррасӣ кунад. Зардорӣ инчунин дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ё ЭКО низ ширкат хоҳад кард. Ин ниҳод дар соли 1985 аз тарафи Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфтааст. Дар дидор бо раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, Зардорӣ ҳамчунин ба тарҳи бунёди лулаи газ аз Эрон ба Покистон ва Ҳинд тамаркуз хоҳад кард, Ин таҳр ҳафту ним миллиард доллар нарх дорад.
XS
SM
MD
LG