Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машваратҳои Байден бо НАТО дар масъалаи Афғонистон


Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден дар Бруссел бо ҳампаймонҳои Амрико дар НАТО масъалаҳои марбут ба Афғонистонро баррасӣ хоҳад кард. Қарор аст, вай рӯзи сешанбе дар Шӯрои Атлантики Шимолӣ, ки як ниҳоди сиёсӣ ва тасмимгирандаи НАТОст, машваратҳо баргузор ва бо Дабири куллии НАТО, Яап де Ҳуп Схеффер гуфтушунид кунад. Президенти Амрико, Барак Обама, хостори бознигарии стратегияи Иёлоти Муттаҳида дар ҷанги Афғонистон ва муборизаи зидди тундгароӣ дар Покистон шудааст. Бо дастури ӯ 17 ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистон фиристода мешавад ва рӯзи якшанбе, Обама гуфт, муколама бо толибони мӯътадил имконпазир аст.
XS
SM
MD
LG