Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагиҳои Чин ба эътирозҳо дар Тибет


Чин нерӯҳои изофиеро дар марзҳои Тибет бо Непал ва Ҳинд ҷобаҷо кард. Ин тасмим дар арафаи 50-умин солгарди шӯриши саркӯбшудаи тибетиҳо бар зидди Чин гирифта шудааст. Соли гузашта ҷилавгирӣ аз раҳпаймоии роҳибони тибетӣ дар солгарди шӯриши соли 1959 дар Лҳоса, пойтахти Тибет, ба хушунатҳои густарда сабаб гашта буд. Дар ин байн имрӯз аз таркиши бомбаи худсохт дар Қинқай, як минтақаи асосан тибетиҳо, як мошини полис осеб дид. Касе кушта ё захмӣ нашудааст.
XS
SM
MD
LG