Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон”


Дар нашри имрӯзи маҷаллаи “Барги сабз” сӯҳбати мо атрофи мавзӯи оташсӯзӣ дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон”, афзоиши шумори гургу хирс дар парваришгоҳи Чилдухтарони Мӯъминобод, иллатҳои коҳиши оби рӯдхонаву чашмаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва тасмими ниҳолшинонӣ дар баландии бештар аз дуввуним ҳазор метр дар кӯҳистони Рашт хоҳад буд.

Чанд рӯз қабл бар асари як оташсӯзӣ, ки гуфта мешавад иллат дар афзоиши қамишзори хушкида ва ҳамчунин тахмин мешавад бар асири қасдан оташ задан сурат гирифтааст, ҳудуди 8 гектар қамишзори нодири ин мамнӯъгоҳ ба коми нестӣ рафтаст. Мақомоти масъули муҳофизати мамнӯъгоҳ дар ҳоле аз ин ҳодиса огаҳ шудаанд, ки қистами бузург аз ин қитъа дар коми оташ будааст. Ва ин ҳам дар ҳоле ки ҷиҳати оташхомӯшкнӣ мақомоти масъуи ин мамнӯъгоҳ техникаи зарурӣ рӯи даст надоранд ва ин мақомот иттилоъ додаанд, ки оташ бо дасти ҷангалбонҳо ва мардуми атрофи мамнӯгоҳ хомӯш карда шудааст. Инчунин ҳодисаи оташсӯзӣ дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” нахустин ва бузургтарин нест. Дар чанд соли қабл чунин оташсӯзӣ боиси маҳи ҳаҷми бузурги туғайзор ва низ ҳайвоноти нодири ин мамнӯъгоҳ шуда буд. Ва ба дунболи ин Бунёди ҷаҳонии ҳифзи олами вуҳуш барномаи барқарорсозии туғайзори ин мамнӯъгоҳ ва ҳифзи ҳайвоноти нодири он рӯи даст гирифта шуд. Аммо боз ҳам камтаваҷҷӯҳӣ ва камбуди молӣ дар ҳифзи ин мамнӯъгоҳ боиси дубора тахрибу маҳв гаштани қисмате аз туғайзори нодири мамнӯъгоҳ шудааст. Тафсилоти оташсӯзии ахири мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон”-ро дар гузориши Носирҷони Маъмурзода бишнавед.

------------------------------------------------------------------------------------------------

Мамнӯъгоҳи “Чилдухтарон”, ки дар қисмати баландкӯҳи ноҳияи Мӯъминобод мавқеъият дорад, табитаи зебо дорад ва ҳам шумори зиёди ҳайвоноту парранда ва хазандаҳо зиндагӣ мекунад. Солҳои ахир дар ин мамнӯъгоҳ афзоиши шумори бархе аз ҳайвоноти ваҳшӣ, монанди гургу хирс ба мушоҳида мерасад. Ва сокинони маҳаллӣ низ ҳамзамон широят меукнанд, ки афзоиши ин қабил ҳайвоноти ваҳшӣ боиси зиёд шудани хатари ҳамлаи ҳайвонот ба одамон ва чорво гаштааст. Дар зимн хостори он шудаанд, ки шикори ин ҳайвонот дар мамнӯгоҳро иҷоза диҳанд. Мӯъмин Аҳмадӣ пас аз сӯҳбат бо мақомоти муҳитзистӣ ва сокинон гузорише омода кардааст, ки дар ин барнома ҷо дода шудааст.

-------------------------------------------------------------------------------------------------

Дар Тоҷикистон солҳои ахир камшавии оби рӯдхонаҳо ва хушкидани чашмаҳои кӯҳистон зиёд ба мушоҳида мерасад, ки ба қавли донишмандон ва муҳитшиносон иллати аслӣ дар коҳиши ҷангалзор аст. Зеро ба қавли онҳо дарахони кӯҳистон мояи аслии нигаҳдории намнокӣ мебошад. Ҳамчунин ба гуфтаи муҳитшиносон коҳиши ҷангалзор боиси обшавии босуъати прияхҳои кӯҳистон гашта ва хатари афзоиши ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои кӯҳистонро эҷод мекунад. Гузориши Расули Шодон дар ин мавзӯъ низ дар ин барнмоа мунтазири шумост.

Бо манзури ин мушкил мақомоти муҳитзистӣ дар водии Рашт тасмим гирифтанд, ки дар кӯҳистони баландтар аз дувуним ҳазор метр аз сатҳи баҳр шинондани ниҳолҳои тобовар ба ин иқлимро рӯи даст бигиранд. Дар сӯҳбат ба Мамуди Шодӣ мақомоти ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷиргатол гуфтаанд, ки бунёди ҷангалзор дар чунин баландӣ боиси кам шудани кӯчиши хок ва тармарезӣ мешудаст. Ин ва дигар гузоришҳо бо пахши рамзи радио дар кунҷи рости болоии ин саҳифа дастрасанд.
XS
SM
MD
LG