Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чеченистон даҳҳо писар номи Муҳаммадро хоҳанд гирифт


Ба хабари расонаҳои Русия, мақомоти Чеченистон аз волидон хостаанд, ба ҳар писаре, ки дар зодрӯзи пайғамбар Муҳаммад ба дунё омадааст, номи пайғамбари исломро гузоранд. Раҳбари Чеченистон, Рамзан Қодиров гуфт, ҳар писаре, ки рӯзҳои 8 ва 9 март ба дунё меояд, ҳамчунин 50 000 рубл ё 1394 доллар ҷоиза мегирад. Телевизиони давлатии "Вести 24" қатори писарони навзодро нишон дод, ки дар зоишгоҳи Грознӣ хобидаанд ва ба ҳамаи онҳо номи Муҳаммад дода мешавад. Маскав ба Қодиров иҷоза додааст, бархе аз суннатҳои исломиро дар Чеченистон роиҷ гардонад, ба монанди рӯсарӣ ва домани дароз доштани занон дар идораҳои давлатӣ ва манъи давраии шароб дар ҷумҳурӣ.
XS
SM
MD
LG