Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон дар артиши Русия?


Соли ҷорӣ муҳоҷирони кории тоҷик дар Санкт Петербург ба душвориҳои бештар рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Оё имкони хидмати муҳоҷирони хориҷӣ, аз ҷумла хидмати тоҷикон, дар артиши Русия вуҷуд дорад? Яке аз варзишгарони номдори тоҷик шаҳрванди Русия шудааст, вале мехоҳад зудтар ба Ватан баргардад. Собиқ муҳоҷири корӣ китоби ашъори худро аз рӯзгоре дар муҳоҷират ба чоп омода кардааст.

----------------------------------------------------
Намояндаи ҷамъияти тоҷикони муқими Санкт-Петербурги Русия мегӯяд, эҳтимол дорад то поёни моҳи апрели соли ҷорӣ ҳудуди 60 ҳазор нафар муҳоҷирони кории хориҷӣ, ба вижа тоҷикон, аз корхонаву муассисоти ин шаҳр ва вилояти Ленинград ронда шаванд. Бино ба маълумоти ин манбаъ, то аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ тақрибан 40 ҳазор муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кор ронда шудаанд. Муҳоҷирони тоҷики муқими ин шаҳр барои пешгирӣ аз ин раванди барояшон номатлуб ва ҳимояти дастаҷамъӣ аз ҳуқуқашон талош доранд иттиҳодияҳои синфӣ ё "профсоюз"-и худро ташкил кунанд. Муҳиддин Мӯминов, намояндаи ҷамъияти фарҳангии тоҷикони Санкт-Петербург мавсум ба "Сомониён" ва раиси иттиҳодияҳои синфӣ ё "профсоюз"-и тоҷикон мегӯяд, барои расидагӣ ба масоили тоҷикон то ҳол Тоҷикистон дар ин шаҳр консулгарӣ надорад, дар сурате, ки Санкт-Петербург дуввумин шаҳри Русия ба шумор меравад. Дар ин бора "Садои Ҳамватан" бо Муҳиддин Мӯминов, раиси иттиҳодияҳои синфӣ ё "профсоюз"-и муҳоҷирони тоҷики муқими Санкт Петербург мусоҳибае анҷом додааст.

::::::::::::::::::::
Ахиран рӯзномаи "Труд"-и Русия мақолае ба нашр расонд, ки дар артиши ин кишвар шаҳрвандони хориҷӣ, ба вижа шаҳрвандони кишварҳои муштарак ул-манофеъ, метвонанд ба таври қарордодӣ дар артиши Русия хидмат кунанд. Дар мақола ҳамчунин омадааст, ба ононе, ки дар аскарӣ хидмат мекунанд, зудтар шаҳрвандии Русия дода мешавад. Беҳтарин дастони корӣ, яъне ҷавонони аз 18 то 30 солаи хориҷӣ ба хидмати аскарӣ гуморда мешаванд. Тибқи навиштаи ин рӯзнома, ҳоло нисбат ба шаҳрвандони ҳар кишвари дигар шумораи тоҷикон дар артиши Русия зиёд будааст. Ин мақола дар марҳалае ба чоп расидааст, ки муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба мушкили пайдо кардани кор ё гирифтани дастмузд рӯ ба рӯ шудаанд. Албатта, ба муҳоҷироне, ки дар атиш хидмат мекунанд, дастмузд низ дода мешавад, вале дастмузди онҳо аз дастмузди худи русҳо хеле фарқ дорад ва дар муқоиса бо русҳо ҳеҷ имтиёз надоранд. Нуктаи дигари ҷолиб ин аст, ки тибқи қонунҳои Русия онҳо бояд ба қавле "содиқона ба мардуми Русия хидмат кунанд ва мардонаву ҷасурона аз Федеретсияи Русия дифоъ кунанд". Вале суоле пеш меояд, ки агар ин шаҳрвандони хориҷии артиши Русия тоҷик бошанд, дар сурати муноқишаи эҳтимолӣ бо Тоҷикистон чӣ тавр? Мо ба ин суол дар барномаи "Садои Ҳамватан" посух намедиҳем, зеро ин кори барномаи мо нест. Вале нуктаҳои дигаре ҳаст, ки мо шуморо ба шунидани ин нукот дар гузориши Муҳаммадраҳими Сайдар-ҳамкорамон дар Маскав метавонед бишнавед.

::::::::::::::::::::::
Душвориҳои зист дар Тоҷикистон бисёриҳоро водор кардааст, ки Ватанро тарк ва зиндагӣ дар ғурбатро ихтиёр кунанд. Дар миёни онҳо донишмандони бахшҳои гуногуни илм, аз бахшҳои дақиқ гирифта, то фарҳангиёну ҳунармандон ва табибони моҳир ҳастанд. Вале сӯҳбати мо ин дафъа бо варзишгаре анҷом гирифт, ки ба эҳтимоли зиёд метавонист дар мусобиқаҳо байрақи Тоҷикистонро бардорад. Мо ин варзишгар, Зокирҷон Ҳафизовро тасодуфан телефонӣ дар Санкт-Петербург пайдо кардем ва вай дар бораи кору зиндагиаш дар Санкт-Петербург ҳикоят мекунад.

::::::::::::::::::::::
Гаҳ-гоҳе дар матбуоти Тоҷикистон ашъори ба истилоҳ "адабиёти муҳоҷират" ба чашм мехӯрад. Овозхонон хеле кам таронаҳое дар васфи муҳоҷирони корӣ ва зиндагии машаққатбори онҳо иҷро мекунанд. Вале муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар миёни онҳо аҳли қалам низ кам нестанд, баъзе лаҳзаҳо ва мушоҳидаҳои худро рӯи қоғаз меоранд ва бо чунин кор барои ғанӣ сохтани захираи адабиёти муҳоҷират саҳм мегиранд, адабиёти муҳоҷирати кишваре, ки дар марҳалаи кунунӣ зиндагии он бо муҳоҷирати корӣ сахт гиреҳ хӯрдааст. Дар ин бора ҳамкори мо Маҳмуди Шодӣ дар ноҳияи Рашт ба "Садои Ҳамватан" гузорише фиристодааст.



Ёдоварӣ мекунам, ки ин барнома ҳар ҳафта шоми рӯзҳои шанбеву якшанбе соати 20:30 дақиқа ва субҳи якшанбеву душанбе соати 8:30 дақиқаи вақти Тоҷикистон пахш мешавад. Худо нигаҳдор.
XS
SM
MD
LG