Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» - барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев


Дастаи ҷадиди лигаи олии футболи Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе - барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев гардид.

«Истиқлол» дар бозии ниҳоии мусобиқаи анъанавии ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев, ки дар майдони
футболи Донишкадаи варзиши Тоҷикистон баргузор шуд, бар дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 5:1 (ҳисоби нимаи аввал – 3:1) ғалаба кард.

Дар ин дидор Юсуф Рабиев ва Соҳиб Саванқулов дуголӣ ва Худойдод Нусратов як гол ба самар расонданд. Як тӯбро бозигари «Гвардия» Маҳмадлоиқ Нуриддинов ба дарвозаи «Истиқлол» зад.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии «Истиқлол», дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: «Ҳоло дар ҳайати даста 30 бозигар тамрин мекунанд. Байни онҳо футболбозони шинохтаи кишвар, ба мисли дарвозабон Амоншо Саодатсайров, бозигарон Далер Тухтасунов, Соҳиб Саванқулов, Баҳодур Сӯфиев, Эраҷ Раҷабов, Самад Шоҳзуҳуров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Юсуф Рабиев ва дигарон ҳастанд. Инчунин дар хатти ҳамла Рустам Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон, бозӣ мекунад. Ёвари ман Қаноатшоҳ Латифов ва президенти бошгоҳ Шоҳрух Саидов мебошанд. Мо феълан дар урдугоҳи худ - варзишгоҳи «Автомобилист»-и Душанбе – тамрин мекунем. Баъдан ҷамъомади таълимиву тамринии мо тӯли 10 рӯз дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад шуд. Сипас марҳалаи охирини омодагиро ба мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар Душанбе идома хоҳем дод. Мо, ки маблағи ҳаққи ширкат дар ин мусобиқот, яъне 35 000 сомониро супурдем, барои дарёфти медалҳо талош хоҳем кард».

Пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Энергетик»-и Душанбе барои ҷои севум рақобат карданд. Голи дар нимаи аввали дидор ба самар расондаи Комил Саидов ба қаҳрамони футболи Тоҷикистон пирӯзӣ овард. «Регар» ТадАЗ, ғолиби мусобиқаи порсола, ин дафъа ҷои севумро касб кард.
XS
SM
MD
LG