Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши маргхоҳона дар назди бинои як мактаби пулис дар шаҳри Бағдод ҳадди ақал 28 кушта бар ҷой гузошт.

Хабаргузориҳо бо истинод ба пулиси шаҳри Бағдод ва вазорати мудофиаи Ироқ хабар додаанд, беш аз 60 нафари дигар дар ин таркиш ҷароҳат бардоштаанд.

Бино бар хабарҳои аввалия, ҳамлакунанда бо бадани пур аз маводи тарканда бо мотосикл ба бинои мактаби пулис, ба наздидовталабони дохилшавӣ ба мактаб наздик шудаааст.

Хабаргузории Рейтер навиштааст, нерӯи таркиш ба андозае буд, ки шумори дақиқи кушташудагонро намешавад ҳисоб кард, куҷо монад ба таъйини ҳуввияташон.

Дар ҳоли ҳозир, танҳо ин маълум аст, ки миёни кушташудагон кормандони пулис, шогирдони мактаб ва мардуми ғайринизомӣ низ будаанд.
XS
SM
MD
LG