Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама қарори Бушро беэътибор мекунад


Мақомоти Амрико мегӯянд, Барак Обама – раиси ҷумҳури ин кишвар қарори президенти пешин Ҷорҷ Буш дар мавриди манъи таҳқиқи ҳуҷайраҳои ҷанини инсонро беэътибор хоҳад кард. Бар асоси дастур, Муассисаи миллии идораҳои тандурустии Амрико вазифадор хоҳад шуд, меъёрҳои нави пажӯҳишро дар зарфи чаҳор моҳ ба ҳукумат пешниҳод кунад. Раиси ҷумҳури пешини Амрико Ҷорҷ Буш маблағгузории ҳукуматӣ барои пажӯҳиши ҳуҷайраҳои ҷанини инсонро мамнӯъ карда буд. Мелодӣ Барнес – мудири шӯрои сиёсатҳои дохилии ҳукумати Обама гуфт, барои ҳузур дар маросими эъломи қарор, олимон ва тарафдорони пажӯҳиши ҳуҷайраҳои ҷанини инсон даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG