Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии сарбозони ИМА барои тарки Ироқ


Артиши Амрико дар Ироқ эълом кард, ки теъдоди сарбозонаш дар хоки Ироқро дар шаш моҳи оянда тақрибан 12 ҳазор нафар коҳиш хоҳад дод. Дар баёнияи артиш омадааст, ду воҳиди ҷангӣ ҳамроҳ бо нерӯҳои икмолотиву муҳандисӣ ва иттилоъотӣ то моҳи сентябр хоки Ироқро тарк мекунанд. Ҳудуди 140 ҳазор сарбози Амрико ҳоло дар Ироқ мустақаранд. Ихроҷи ҳозираи сарбозон марҳилаи муқаддамотии барномаи Барак Обама аст, ки мехоҳад, то моҳи августи соли 2010 амалиётҳои ҷангӣ дар Ироқро хотима диҳад.
XS
SM
MD
LG