Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Алӣ Бобоҷон ба Барак Обама


Алӣ Бобоҷон – вазири умури хориҷаи Туркия, ба Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико, ҳушдор додааст, то ки куштори арманиҳо аз тарафи туркони усмонӣ дар қарни гузаштаро наслкушӣ эътироф накунад. Алӣ Бобоҷон дар як мусоҳибаи телевизионӣ гуфт, чунин ҳаракати Амрико танҳо монеъи талошҳои феълӣ барои оштӣ додани Туркия ва Арманистон хоҳад шуд. Вазири умури хориҷаи Туркия зикр кард, ки Барак Обама ҳангоми маъракаи интихоботиаш чанд дафъа аз куштори арманиҳо дар замони Империяи туркҳои усмонӣ дар солҳои 1915- 1917 сухан гуфтааст. Ҳарчанд Иёлоти Муттаҳидаи Амрико куштори арманиҳоро маҳкум намудаааст, вале онро наслкушӣ ва ё геносид нахондааст. То кунун 20 кишвари дунё қатли арманиҳоро наслкушӣ эътироф кардаанд, ки Туркия комилан мухолифи ин гуфта аст.
XS
SM
MD
LG