Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мушаки нав озмоиш кардааст


Давлати Эрон мегӯяд, як мушаки нави ҳаво ба баҳрро бомуваффақият озмоиш кардааст, ки қодир ба парвоз дар масофаи 110 километр аст. Хабаргузории “Форс” – и Эрон бо нашри ин хабар гуфтааст, озмоиши ахир “тавонмандии Эрон дар нишон гирифтани ҳадафҳои азим дар баҳр бо мушакҳои кулоҳакдорро” нишон медиҳад. Аммо доир ба замони озмоиши мушак чизе гуфта нашудааст. Чанд рӯз пештар аз ин хабар, як фармондеҳи олирутбаи Эрон эълом кард, ки кишвараш мушакҳое дорад, ки қодир ба ҳадаф гирифтани таъсисоти атомии Исроил мебошад.
XS
SM
MD
LG