Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон тарафдорони Толибонро раҳо кард


Як мақоми расмии Покистон мегӯяд, 12 тундрави тарафдори Толибонро аз зиндон озод карданд, то пояҳои созиши сулҳ бо исломиёнро мустаҳкам намоянд. Ин созиш моҳи гузашта дар вилояти шимолуғарби Свот баста шуд, ки таҳти нуфузи Толибон қарор дорад. Сайид Муҳаммад Ҷовид – як мақоми вилояти Свот ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, тундравони исломиро ба нишони ҳусни ният раҳо карданд. Кишварҳои ғарбӣ нигаронанд, ки созиши сулҳ бо тундравон, вилояти Свотро ба як паноҳгоҳи шӯришиёни исломӣ табдил медиҳад. Аммо мақомоти покистонӣ ин иқдоми худро як роҳи ҳалли мушкили маҳаллӣ унвон кардаанд. Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси ҷумҳури Покистон гуфтааст, агар мақомоти водии Свот тундравонро таҳти назорат надароранд, дар он сурат нерӯҳои амниятӣ вориди амал хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG