Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни амрикоӣ Ироқро тарк хоҳанд кард


ИМА тайи шаш моҳи оянда 12 ҳазор афсару сарбози худро аз Ироқ берун хоҳад кард. Ба иттилоъи низомиёни амрикоӣ, то моҳи сентябр ду бригадаи ҷангӣ ҳамроҳ бо ниҳодҳои кумакрасон ин кишвар тарк мегӯянд. Гуфта мешавад, ки ин марҳалаи ибтидоии татбиқи тарҳи раисиҷумҳур Барак Обама барои анҷоми амалиёти ҷангӣ дар Ироқ то моҳи августи соли 2010-ум аст. Айни ҳол дар Ироқ 140 ҳазор низомиёни амрикоӣ мустақаранд.

XS
SM
MD
LG