Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

150 мусофир дар нимароҳ мондаанд


Беш аз 150 одам бар асари масдуд шудани роҳ таййи 10 рӯз дар нимароҳ дар наздикии нақби «Истиқлол» музтар мондаанд.

Онҳо мехостанд тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд ба хонаҳои худ дар навоҳии вилояти Суғд баргарданд. Ин мусофирони дар нимароҳ монда аз тариқи телефон ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ҳама вақт масъулини вазорати роҳ ва кумитаи умури изтирории кишвар ба мушкили онҳо расидагӣ накардаанд.

Амина Раҳматулоева, як сокини вилояти Суғд, ки миёни ин мусофирон аст, гуфт, мақомот ваъда додаанд, то дар зудтарин фурсат роҳро аз тарма тоза мекунанд, аммо мусофирон дар интизори боз шудани роҳ тамоми ғизову пули роҳхарҷиашонро масраф кардаву, ҳамакнун дар деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб ҳоли харобе доранд. Ба гуфти ӯ, то ба ҳол ба онҳо мақомот ҳеч кумаке накардаанд.

Масъулони вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон бо таъйиди ин хабар гуфтанд, ки бо вуҷуди талошҳо кормандони ин ниҳоди давлатӣ то ба ҳол ба боз кардани роҳ муваффақ нашудаанд. Суҳроб, навбатдори вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон, гуфт, хавфи ҳар лаҳза резиши тарма кори кормандони ин ниҳодро мушкил кардааст.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯянд, ба ин мусофирон ҳеч гуна маблағ ҳамчун кумак ироъа намешавад. Мунира Назарива, мудири раёсати Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, мутазаккир шуд, ки ин ниҳод тавассути телевизиону радиои давлатӣ аз мардум тақозо кардаааст, ки аз рафтуо дар ин ҷодда то ду ҳафтаи дигар худдорӣ кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз ҳодисаи бар асари резиши тарма кушта шудани 6 сокини водии Зарафшон дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар наздикии нақби "Истиқлол" дар даҳ рӯзи қабл ягона роҳи автомобилгард ба шимоли кишварро баста эълом кардаанд.

Ба гуфтаи масъулони вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон, ин роҳ то замони қатъ шудани резиши тарма боз нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG