Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исломобод 12 ифротгароро аз банд раҳо кард


Мақомоти Покистон 12 ифротгарои узви ҷунбиши “Толибон”-ро, ки дар водии Свот, воқеъ дар шимолу ғарби кишвар амал мекунад, аз банд раҳо намуданд. Намояндаи мақомоти маҳаллӣ ба хабаргузории Рейтер гуфт, ки аз ин иқдом ба хотири таҳкими мусолиҳа бо афроди мусаллаҳ кор гирифта шудааст. Созиш дар бораи мусолиҳа миёни мақомоти Вилояти марзии Шимолу ғарбӣ ва яке аз фармондеҳони аршади Толибон моҳи гузашта ҳосил шуда буд. Кишварҳои ғарбӣ аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки ин минтақаи Покистон ба истеҳкоми “Толибон” табдил мешавад. Ва аммо Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон ваъда дод, ки нерӯҳои амниятӣ аз ҳама чораҳо кор мегиранд, то вазъ дар водии Свот аз назорат берун нашавад.
XS
SM
MD
LG