Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Карзай аз гуфтаҳои Обама


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, аз имкони музокирот бо афроди мӯътадили ҷунбиши "Толибон", ки ба он президенти ИМА Барак Обама ишора кардааст, истиқбол намуд. Карзай гуфт, ҳукумати Афғонистон кайҳо боз хостори ба роҳ мондани равобит бо он гурӯҳи ошубгарон аст, ки ба терроризм рабт надоранд.

Барак Обама имрӯз дар сӯҳбат бо нашрияи New York Times гуфтааст, ки мақомоти ИМА тавассути музокирот бо суннимазҳабҳои Ироқ ба хатми пуштибонии онҳо аз созмони “Ал-Қоида” дар Ироқ муваффақ шуданд. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Амрико, аз ин гуна стратегия метавон дар Афғонистон ҳам кор гирифт.
XS
SM
MD
LG