Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба пойгоҳи низомӣ дар Ирландияи шимолӣ


Бар асари ҳамла ба як пойгоҳи низомӣ дар Ирландияи Шимолӣ ду сарбози бритониёвӣ кушта шуданд. Чаҳор нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористони ҳарбӣ интиқол ёфтанд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, бегаҳи рӯзи шанбе афроди ношинос аз мошин сӯи онҳое оташ кушоданд, ки дар канори даромадгоҳи пойгоҳ дар шаҳри Антрим, воқеъ дар канори шаҳри Белфаст меистоданд.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст. Ва аммо ба тахмини масъулини полис, ҳамла кори дасти гурӯҳест, ки қаблан як бахши Артиши ҷумҳурихоҳи Ирландия буд. Артиши ҷумҳурихоҳи Ирландия муборизаи мусаллаҳона барои истиқлол аз Бритониёро қатъ кардааст. Чанд рӯз қабл аз ин ҳодиса полиси Ирландияи Шимолӣ аз имкони рух додани ин гуна ҳамлаи террористӣ ҳушдор дода буд.
XS
SM
MD
LG