Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргбор дар маркази Бағдод


Имрӯз бар асари як ҳамлаи маргталабона дар маркази Бағдод 28 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 60 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Як маргталаби савори дучарха худро дар канори Академияи полиси пойтахт Ироқ инфиҷор кард. Ин бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар Бағдод дар ҳафтаҳои ахир маҳсуб мешавад. Мақомоти амниятии Ироқ таъкид мекарданд, ки сатҳи хушунат дар пойтахт ба карат пойин рафтааст.

XS
SM
MD
LG