Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи тоқатфарсои занҳои ироқӣ


Занҳои Ироқ то ҳол дар вазъи тоқатфарсо ба сар мебаранд. Ба ин нукта дар гузориши созмони хайрияи Oxfam International таъкид шудааст, ки дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии бонувон интишор ёфт. Тибқи пажуҳиши анҷомдодаи ин созмон, баъд аз оғози ҷанг дар кишвар дар соли 2003 тақрибан 55 дар сади занҳои ироқӣ бар асари даргириҳо, хушунат ваё дар ҷустуҷӯи кор маҷбур шуданд, ки макони зисти худро тарк намоянд. 25 дар сади занҳо гуфтаанд, ки онҳо ба оби пок дастрасии ҳамешагӣ надоранд. Аз се ду ҳиссаи онҳо дар манотиқе ба сар мебаранд, ки меъёри интиқоли нерӯи барқ ҳамагӣ шаш соат дар рӯз муқаррар шудааст.

XS
SM
MD
LG